Дар ҷаласаи нахустини Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон дар соли равон дар бораи таъсиси Лигаи миллии футболи Тоҷикистон қарор қабул шуд.
Лигаи миллии футболи Тоҷикистон созмони ҷамъиятии ғайритиҷоратӣ буда, ба корҳои тадорукотии баргузор намудани чемпионати ҷумҳурӣ оид ба футбол машғул хоҳад шуд. Федератсияи футбол бевосита бо дастаҳои мунтахаб сарукор хоҳад дошт», – гуфт зимни суханронӣ дар ҷаласа муовини президенти ФФТ Валерий Турсунов.
Бо такя ба суханони В.Турсунов котиби матбуотии ФФТ Фаридун Солиев хабар дод, ки моҳи марти соли равон як комиссияи нозиротии Конфедератсияи футболи Осиё ба Тоҷикистон ташриф оварда, дар сурати хулосаи мусбати он, шурӯъ аз соли 2013 ду дастаи Тоҷикистон (ҷойҳои 1 ва 2-юм) дар давраи гурӯҳии Ҷоми КФО ширкат хоҳанд варзид.
Ба гуфтаи Солиев, дар ҷаласа ҳамчунин масъалаи тарзи баргузории чемпионати имсола низ баррасӣ шуда, қарор шудааст он дар ду давр доир гардад. «Шумори дақиқи иштирокчиёни чемионат ҳанӯз маълум нест. Чемпионати соли равон оид ба футбол 6-уми апрел оғоз гардида, бино ба маълумоти пешакӣ дар он 14 даста иштирок мекунанд. Ба ҷуз 11 дастаи соли гузашта, омдагии худро ҷиҳати иштирок дар ҷемпионат дастаҳои «Зарафшон» (Панҷакент), «Истаравшан» (Истаравшан) ва «Ҳосилот» (Фархор) изҳор кардаанд», – гуфт вай.
Номбурда ҳамчунин иброз дошт, ки аз ин ба баъд маблағи хизматгузории доварон ва нозиронро на дастаҳо, балки Лигаи миллии футбол пардохт хоҳад кард. Дастаҳо танҳо пардохти маблағи хароҷоти сафари онҳоро ба дӯш хоҳанд гирифт. Ғайр аз ин, қарор шуд, шурӯъ аз соли равон ба ивази мусобиқоти анъанавӣ бахшида ба хотири Рустам Долтабоев мусобиқоти Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон созмон дода мешавад. Мусобиқоти ҳайти дуюми тимҳо низ ба мусобиқоти дастаи ҳайати ҷавонон номгузорӣ шуда, дар ду давр баргузор мешавад.