Дастаи футболи Тоҷикистон дар вохӯрии нахустини мусобиқоти Ҷоми даъвати Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2012 имрӯз бо тими Ҳиндустон қувваозмоӣ мекунад.
Вохӯрӣ дар варзишгоҳи «Дашарт»-и пойтахти Непал – шаҳри Катманду, ки 25 ҳазор ҷойи нишаст барои мухлисон дорад, соати 17.00-и вақти маҳаллӣ (16.15 – вақти Душанбе) доир мегардад.
Дар ин мусобиқот барои дарёфти роҳхати ягона ба мусобиқоти Ҷоми Осиё-2015 ҳашт даста мубориза мебаранд, ки ба ду гурӯҳ ҷудо шудаанд. Ҳайти гурӯҳҳо чунин аст: гурӯҳи «А» – Непал, Фаластин, Малдив ва Туркманистон ва гурӯҳи «В» – Тоҷикистон, Кореяи Шимолӣ, Ҳиндустон ва Филиппин.
Аксари коршиносон бар ин назаранд, ки дар гурӯҳи «В» рақобат шадид хоҳад шуд, зеро дар он се ғолиби Ҷоми даъват дар солҳои гуногун – Тоҷикистон (соли 2006), Ҳиндустон (соли 2008) ва Кореяи Шимолӣ (соли 2010) ҷамъ омадаанд.
Бино ба иттилои торнамои расмии дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе, қабл аз оғози мусобиқот сармураббиёни дастаҳо нишасти матбуотӣ доир намуда, сармураббии дастаи Тоҷикистон Кемал Алиспахич гуфтааст, тими мунтахаби Тоҷикистон ба мусобиқот хуб омода аст.
«Дар марҳилаи аввали мусобиқот гурӯҳи мо пурқувваттарин аст. Мо ба ҳамаи ҳарифон эҳтиром дорем, вале дар назди касе ҳарос ҳам надорем. Ҳамаи дастаҳо барои ба даври дигар роҳхат гирифтан имкони баробар доранд. Вохӯрии аввал бо Ҳиндустон хеле муҳиму ҳалкунанда мебошад. Ҳарифи мо дастаи пурқувват аст, вале мо тамоми кӯшишро ба харҷ хоҳем дод, то ки мусобиқотро бо рӯҳи болидаву некбинона оғоз намоем», – изҳор кардааст сармураббии дастаи Тоҷикистон.