Дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе маротибаи сеюм ба Ҷоми олии футболи Тоҷикистон соҳиб шуд.
Вохӯрӣ барои дарёфти Ҷоми олии футболи Тоҷикистон дар варзишгоҳи «Хайр»-и шаҳри Ваҳдат бо ҳузури 7 ҳазор нафар мухлисон миёни дастаи «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода баргузор шуд. Дар ин бозӣ бо ҳисоби 2 бар 1 душанбегиҳо дастболо шуданд.
Чуноне аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, ду голи душанбегиҳоро футболбозон Юсуф Рабиев ва Иброҳим Рабимов ба нишон расониданд. Як голи дастаи «Регар-ТадАЗ»-ро дар анҷоми вохӯрӣ тавассути зарбаи ҷаримавии 11-метра Баҳодур Шарифов ба ҳадаф расонд.