Санаи 10-12-уми апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Шимкенти Қазоқистон ба хотираи мураббии хизматнишондодаи Қазоқистон Валерий Клобутско миёни ҷавонон дар риштаи дзюдо мусобиқаи байналмилалӣ баргузор гардид.
Тавре аз Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ хабар доданд, иштирокчиёни мусобиқа дар ҳайати 320 дзюдочӣ аз кишварҳои мизбон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Россия ва Ӯзбекистону Туркманистон бо ҳам ҷамъ омаданд.
Ба иттилои манбаъ, дар мусобиқаи мазкур шарафи кишвари моро дар вазни -73 кг Саидмухтор Расулов ва бародарон яке Рашид Зиёбеков дар вазни 81 кг ва дигаре Рауф Зиёбеков дар вазни -90 кг ҳимоя намуданд. Дар натиҷаи қувваозмоиҳо Саидмухтор ва Рашид барандаи медали тилло ва Рауф бошад, медали нуқраро ба даст овард.