Ширкати холдингии «Исмоили Сомонӣ» як қисмате аз маблағгузорӣ ба дастаи футболи «Вахш»-и шаҳри Қӯрғонтеппаро дар соли равон ба уҳда гирифт.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси дастаи «Вахш» Исроил Шарифов хабар дод, ширкат 50%-и хароҷоти дастаро ба дӯш гирифта, қисмати боқимондаи он аз ҳисоби маблағгузории ҳукумати вилояти Хатлон ва мақомоти шаҳрдории Қӯрғонтеппа сурат мегирад.
Қобили зикр аст, ки соли 2009-ум низ ширкати «Исмоили Сомонӣ» барои фаъолияти дастаи футболи «Вахш» маблағгузорӣ намуда буд. Ҳамон сол даста унвони қаҳрамони Тоҷикистон оид ба футболро ба даст оварда буд. Тайи ду соли ахир даста аз ҳисоби воситаҳои ҳукумати вилояти Хатлон ва мақомоти шаҳрдории Қӯрғонтеппа маблағгузорӣ мешуд.
Айни замон дастаи «Вахш» дар доираи мусобиқоти чемпионати XXI-уми футболи Тоҷикистон бо дастаи «Парвоз» (ноҳияи Бобоҷон Ғафуров) як вохӯрӣ анҷом дода, бо ҳисоби 1 бар сифр дастболо шуд. Бозии дигари даста рӯзи 22-юми апрел бо ССКА «Помир» дар Душанбе доир мегардад.