Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар доираи ба ифтихори Рӯзи пойтахт, бори нахуст дар Тоҷикистон аз 27-ум то 29-уми апрели соли 2012 таҳти сарпарастии шаҳрдории Душанбе бо иштироки дастаҳои беҳтарини 20 кишвари Осиё баргузории Чемпионати 6-уми Осиё оид ба таэквон-до (ITF- Федератсияи байнамилалии таэквон-до), Президенти Федератсияи байнамилалии таэквон-до, узви Кумитаи байналмилалии Олимпӣ, профессор Чанг Унг ва Раиси федератсияи таэквон-до-и Осиё ҷаноби Ким Кёнг Хуро ба ҳузур пазируфт.
Тавре аз хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории Душанбе иттилоъ доданд, зимни мулоқоти самимӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаноби Чанг Унгро барои ташриф ба Тоҷикистон ва иштирок дар чемпионати мазкур самимона шодбош гуфта, изҳори умед ва боварӣ кард, ки мавсуф барои дар ояндаи наздик боз ҳам баланд бардоштани сатҳи мусобиқаҳои варзишӣ дар кишвар ва ба хусус пойтахти он шаҳри Душанбе вобаста аз таҷриба ва имкониятҳои доштааш нақши муассир мегузорад. «Зеро бо ташаббус ва ҳидоятҳои Роҳбари давлат барои ташаккулёбии соҳаи варзиш ва тавассути оммавияти он тақвиятбахшии пешбурди тарзи ҳаёти солим ва беҳдошти сиҳатии омма дар кишвар, беш аз ҳамеша равнақ ёфтани бунёди иншооти варзишии сатҳи мухталифу ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилаӣ тарҳрезии чунин мусобиқоти ҷаҳонӣ мувофиқ ба мақсад мебошад», – гуфт раиси пойтахт
Ба иттилои манбаъ, ҷаноби Чанг Унг аз пазироӣ ва мӯҳтавои мулоқоти суратгирифта изҳори сипосмандӣ намуда, бо ташаккур аз даъват ва ташкили чемпионати мазкур зикр сохт, ки дастпарварони Федератсияи миллии таэквон-до ва кикбоксинги Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар ҷаҳон яке аз муваффақтарин варзишгарон маҳсуб меёбанд ва дастгириҳои давлатӣ дар рушди соҳаи варзиш дар Тоҷикистон шостаи таҳсин мебошад. Ҳамзамон бо дарназардошти пешниҳодоти ироанамудаи Раиси шаҳр афзуд, ки тамоми тадбирҳоро минбаъд низ барои рушди соҳаи варзиш ва баргузории чорабиниҳои гуногуни сатҳи байналмилалӣ дар Душанбе хоҳад андешид.