Футболбозони дастаи «Равшан»-и Кӯлоб аз сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон як автобуси дорои 45 ҷойи нишаст туҳфа гирифтанд.
Тибқи маълумоти сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, дастаи футболи «Равшан» қаблан барои сафар автобус надошт ва ва барои равуо нақлиёт киро мекард.
Директори техникии дастаи «Равшан» Акрам Ҳусейнов мегӯяд, соли гузашта зимни сафар ба Кӯлоб президенти Тоҷикистон ваъда дода буд, ки ба дастаи «Равшан» автобус туҳфа мекунад.
Ҳусейнов таъкид кард, ки маҳз пас аз мулоқоти сарвари давлат бо варзишгарону намояндагони мақомоти масъули ин соҳа дар минтақа даста сарпарастони боэътимод пайдо намуд.
«Соли гузашта ба даста «Агроинвестбонк» маблағгузорӣ карда, соли равон ширкати «Фароз» ва бозори «Ҳоҷӣ Шариф»-и шаҳри Қӯрғонтеппа» сарпарастони дастаи «Равшан» мебошанд», – зикр кард А.Ҳусейнов.
Рӯзи 27-уми май дар вохӯрӣ бо дастаи «Парвоз»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар Кӯлоб маросими расмии ба дастаи «Равшан» супурдани автобуси аз ҷониби сарвари давлат туҳфашуда баргузор мешавад.