Дар Душанбе тибқи лоиҳаи Конфедератсияи футболи Осиё таҳти унвони «Футуро-3» барои доварони футболи Тоҷикистон семинар оғоз ёфт.
Бино ба маълумоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, мураббии семинар роҳбари департаменти доварони Федератсияи футболи Қирғизистон, мураббии Федератсияи байнулмилалии футбол ва масъули рушди фаъолияти доварон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ Виктор Колпаков аст. Дар чаҳорчӯби давраҳои омӯзишӣ бо доварони тоҷик машғулиятҳои назарияву амалӣ гузаронида мешаванд.
Зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи семинар дабири кулли Федератсияи футболи Тоҷикистон Фирдавс Файзуллоев ба мураббии ФИФА изҳори миннатдорӣ намуда, баргузории чунин машғулиятҳо барои доварони тоҷикро муҳим арзёбӣ намуд.
Дар навбати худ, Виктор Колпков изҳори боварӣ намуд, ки семинар ҳам барои созмондиҳандагон – кумитаи назорати доварони федератсия ва ҳам барои иштирокчиён, бахусус доварони ҷавон, ки дар вохӯриҳои дастаҳои Лигаи олии Тоҷикистон доварӣ мекунанд, муфид хоҳад буд. Семинар рӯзи 13-уми июл анҷом меёбад.