Дар ҷаласаи васеи Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон қарор шуд, ки ғолиби Ҷоми футболи Тоҷикистон дар соли 2012 бо 30 ҳазор сомонӣ (каме бештар аз 6,2 ҳазор $) ва дастаи мағлуб дар бозии ниҳоӣ бо 20 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ сарфароз гардонида мешаванд.
Бозии ниҳоӣ барои дарёфти Ҷоми футболи Тоҷикистон дар соли 2012 рӯзи 5-уми октябр дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» дар шаҳри Хуҷанд доир мегардад.
Ғайр аз ин, тасмим гирифта шуд, ки бозии ниҳоӣ барои дарёфти Ҷомии олӣ (Суперкубок)-и Тоҷикистон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб доир мегардад.
Қобили зикр аст, ки қаблан бозиҳо барои дарёфти Ҷоми олии Тоҷикистон ҳамагӣ се маротиба баргузор шуда, дар ҳамаи бозиҳо дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дастболо шуд.
Дар ҳамин ҳол, ноиби президенти ФФТ Азизбек Раҷабов аз даст кашидани чанде аз дастаҳо барои иштирок дар мусобиқоти Ҷоми футболи Тоҷикистон изҳори таассуф намуд.