Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол (U-17) барои иштирок дар мусобиқоти байнулмилалӣ барои дарёфти Ҷоми президенти Туркманистон даъват шуд. Мусобиқоти мазкур аз 20 то 30-юми сентябр дар Ашқобод доир мегарданд.
Бино ба маълумоти Федератсияи утболи Тоҷикистон, мусобиқоти мазкур аз ҷониби Кумитаи давлатии сайёҳӣ ва варзиши Туркманистон созмон дода мешавад. Баргузории мусобиқот тибқи нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии Консепсияи раёсати Туркманистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2012 пешбинӣ шудааст.
Маблағи мукофотпулии мусобиқот 35 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Ғолиби мусобиқа ҳамроҳ бо Ҷоми президент ба 20 ҳазор, дастаи зинаи дуюм ба 10 ҳазор ва дастаи мақоми сеюм ба 5 ҳазор доллари ИМА мукофотпулӣ сарфароз гардонида мешаванд.