Дар остонаи ифтитоҳи Бозиҳои ХХХ-юми тобистонаи олимпии Лондон-2012 Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон баҳри робитаи аҳолӣ бо ҳайати дастаи олимпичиёни тоҷик почтаи электронӣ боз намуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ Муродалӣ Тешаев хабар дод, аз ин пас таввасути почтаи навтаъсиси электронии [email protected] шаҳрвандони Тоҷикистон ва ҳар як хоҳишманд метавонад тамоми хоҳишу таманиёташро ба дастаи олимпии Тоҷикистон ва ҳар як аъзои тими кишвар, ки дар шаҳри Лондон қарор доранд бирасонад ва ҳамчунин ба саволу хоҳишаш аз онҳо посух бигирад.
«Ин иқдом баҳри дастгирии варзишгарон заминаи хуб гардида, руҳу иқболи нав ба онҳо мебахшад ва то анҷоми Бозиҳо ҷараён мегирад», – гуфт Тешаев.
Бозиҳои олимпӣ дар Лондон 27-уми июл оғоз гардида, то 12-уми августи соли равон идома меёбанд. Дар он ҳудуди 12 ҳазор нафар варзишгарон аз 200 кишвар ширкат меварзанд. Дар мусобиқоти олимпиада намояндагони кишварҳо дар 31 навъи варзиш барои ба даст овардани 301 адад медалҳо қувваозмоӣ хоҳанд кард.
То кунун шумори варзишгарони тоҷик, ки ба роҳхати олимпӣ соҳиб шуданд, 16 нафарро ташкил медиҳад. Инҳо Дилшод Назаров (гурзандозӣ), Алишер Гулов ва Фарҳод Неъматов (таэквон-до WTF), Анвар Юнусов, Собирҷон Назаров, Ҷаҳон Қурбонов ва Мавзуна Чориева (бокс), Расул Боқиев ва Парвиз Собиров (дзюдо), Искандари Рустам, Юсуф Абдусаломов, Зелимхон Юсуфов ва Николай Ноев (гуштии озод), Екатерина Измайлова (шиноварӣ, тарзи озод), Владислава Овчаренко (варзиши сабук, давидан ба масофаи 200 метр) ва Сергей Бабиков (тирандозӣ) мебошанд. Дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои ХХХ-юми тобистонаи олимпии Лондон-2012 иштироки сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар назар аст.