Дар мусобиқоти байнулмилалии «Ҷоми дӯстӣ» дар Қирғизистон дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол (U-14) бори дуюм ғалаба ба даст овард.
Бино ба маълумоти сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, пас аз пирӯзӣ бар дастаи «Динамо-Юниор» (Омск) бо ҳисоби 4 бар 1, футболбозони навраси тоҷик дар вохӯрии дуюм бо тими аввали наврасони Қирғизистон бо ҳисоби 2 бар 0 дастболо шуданд.
Ҳар ду тӯбро ба дарвозаи футболбозони қирғиз футболбози навраси тоҷик Вафо Толибов равона сохтааст, ки ин тӯби чоруми ӯ дар ин мусобиқот аст. Дасти Тоҷикистон пас аз ду вохӯрӣ 6 имтиёз ба даст оварда, барои роҳ ёфтан ба даври навбатии мусобиқот имконияти хуб дорад.
Дар даври сеюми мусобиқот футболбозони навраси тоҷик имрӯз бо дастаи «Абдиш-ота» аз Туркманистон қувваозмойӣ мекунанд. Оғози бозӣ ба соати 11:30 муқаррар шудааст.