Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол (U-14) дар мусобиқоти байнулмилалии «Ҷоми дӯстӣ» дар Қирғизистон пирӯзӣ ба даст оварданд.
Бино ба маълумоти Федератсияи фуболи Тоҷикистон, дар вохӯрии охирини худ рӯзи гузашта футболбозони тоҷик бар дастаи «Қирғизистон-2» бо ҳисо 2 бар 0 дастболо гардидаанд.
Ҳамин тариқ, дастаи Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармураббӣ Раҷаб Расулов дар панҷ вохӯрии ин мусобиқот панҷ ғалаба ба даст оварда, зинаи аввалро ишғол карданд. Ба дастаи Тоҷикистон Ҷоми мусобиқоти мазкур тақдим гардид. Ҳамчунин дарвозабони дастаи Тоҷикистон Беҳрӯз Хайриев дарвозабони беҳтарини мусобиқот дониста шуд.
Ёдрас мекунем, ки дар чор вохӯрии қаблӣ дастаи Тоҷикистон бар дастаи «Динамо-Юниор» (Омск) бо ҳисоби 4 бар 1, тими аввали наврасони Қирғизистон бо ҳисоби 2 бар 0, дастаи Туркманистон бо ҳисоби 2 бар 1 ва дастаи «Монтажник»(Қазоқистон) бо ҳисоби калони 13 бар 0 ғолиб омада буд.