Мақомоти шаҳрдории пойтахт рӯзи 16-уми август маросими ҷашни табрики аъзои дастаи олимпии Тоҷикистонро барпо карданист.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, чорабинии табрики олимпичиён соати 20:00 дар «Боғи пойтахт» бо иштироки мухлисону сарояндаҳои маъруфи эстрадаи тоҷик доир мегардад.
Ба иттилои манбаъ, дар фарҷоми барномаи фароғативу фарҳангӣ раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев аз номи мақомоти шаҳрдорӣ ба олимпичиён туҳфаҳо тақдим хоҳад кард.
Ш.Саидов таъкид дошт, ки мақомоти шаҳрдорӣ дорандаи медалҳои биринҷии Олимпиада Мавзуна Чориеваро ба таври ҷудогона қадрдонӣ хоҳад намуд. Ӯ аз ном гирифтани туҳфаи ҷудогонаи мақомоти шаҳрдорӣ ба Мавзуна Чориева худдорӣ кард.
Дар Кӯлоб низ ба пешвози Мавзуна Чориева, ки шоми имрӯз ба Душанбе меояд, ҳамаҷониба омодагӣ мегиранд.
Ба гуфтаи мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти шаҳрдории Кӯлоб Саида Нурляминова, бо қарори раиси шаҳр ба Мавзуна Чориева як манзили панҷҳуҷра дар яке аз шаҳракҳо ё ба ивази он дар бинои баландошёнаи маркази шаҳр хонаи панҷҳуҷрагӣ тақдим карда мешавад. «Ҳамчунин манзили волидони варзишгар аллакай пурра аз таъмири асосӣ бароварда шуд», – гуфт ӯ.
Ба гуфтаи Нурляминова, соҳибкорони хеле зиёди шаҳр низ дар тақдими туҳфа ба Мавзуна Чориева миёни ҳам гӯё мусобиқае доранд. «Барои Мавзуна Чориева муъҷизаи асосӣ ҳузури духтароне миёни пешвозгирандагон хоҳад буд, ки маҳз дар пайи ибрат аз ӯ машғулиятҳо дар риштаи боксро интихоб карданд», – таъкид кард номбурда.
Аввали соли равон сарвари давлати Тоҷикистон дар бораи таъини мукофотпулӣ ба ҷоизадорони Бозиҳои олимпии XXX-ум аз Тоҷикистон фармон ба имзо расонид. Мутобиқи он ба варзишгари тоҷике, ки медали тило ба даст овард, 300 ҳазор сомонӣ, ба дорандаи медали нуқра – 250 ҳазор сомонӣ ва ба дорандаи медали биринҷии Олимпиада 200 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ таъин карда шуд.
Мақомоти шаҳрдории Душанбе ба варзишгарони пойтахт, ки ба гирифтани медали тилои Олимпиада сазовор мегарданд, хонаи дуҳуҷрагӣ тақдим карда, онҳоро ба унвони шаҳрванди фахрии пойтахт сарфароз мегардонад. Дорандагони медалҳои нуқра ва биринҷии Олимпиада аз Тоҷикистонро мақомоти шаҳрдории пойтахт мутаносибан бо 45 ҳазор ва 35 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ сарфароз хоҳад кард.
ҶСК «Ориёнбонк» дар бораи ба ҷойизадорони Бозиҳои Олимпиадаи Лондон аз Тоҷикистон туҳфа кардани автомобилҳои тамғаи «Лексус» изҳори омодагӣ кард.
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ваъдаи ба ҷоизадорони Олимпиадаи Лондон-2012 миёни варзишгарони тоҷик тақдим кардани манзили дуҳуҷрагиро тасдиқ намуд.