Намояндаи ягонаи Тоҷикистон дар Бозиҳои параолимпии Лондон Парвиз Одинаев дар мусобиқот оид ба пауэрлифтинг дар се навбат ҳам ба нокомӣ дучор гардида, зинаи охиринро ишғол намуд.
Дар ин навъи мусобиқот варзишгари эронӣ Алӣ Ҳусейнӣ ғолиб омада, намояндаи Миср Муҳаммад Элелфат мақоми дуюм ва варзишгари Чин Ху Пэнг зинаи сеюмро ишғол намуданд.
Дар ҳамин ҳол, имрӯз дар Лондон панҷумин рӯзи Бозиҳои параолимпӣ баргузор мегарданд. Дар ҳисоби мусобиқоти даставӣ варзишгарони Чин мақоми аввал (45 медали тило, 31 медали нуқра ва 35 медали биринҷӣ), Британияи Кабир ҷойи дуюм (19-25-19) ва Русия зинаи сеюм (16-20-13)-ро ишғол мекунанд.