Федератсияи футболи Тоҷикистон қазия атрофи собиқ сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон Кемал Алиспахичро шарҳ дод.
Бино ба иттилои ФФТ, моҳи майи соли равон федератсия ба Алиспахич пешниҳод кардааст, ки то ахири сол қарордод ба имзо расонанд, вале ӯ рад кардааст. «Пас аз ин бо ӯ танҳо ба муддати 2 моҳ қарордод ба имзо расид. Қарордод 17-уми май ба имзо расида, мутаносибан санаи 17-уми июл муҳлати он ба охир расид. Агар қарордод набошад, пас даъвои ҷаноби Алиспахич қобили қабул нест», – гуфтанд дар ФФТ.
Қаблан дар мусоҳиба бо ҳафтавори «Азия-Плюс» К.Алиспахич изҳор дошта буд, ки Федератсияи футболи Тоҷикистон ба таври якҷониба қарордод бо ӯро бекор намудааст. «Ман мураббии касбии футбол буда, бекор намемонам. Ба дастаи Тоҷикистон бошад, комёбӣ ва ба тамоми мардуми ҷумҳурӣ хушбахтироо орзу дорам», – гуфта буд ӯ.
Ёдрас мекунем, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар вохӯрӣ бо дастаи Қатар дар Мюнхенро сармураббии дастаи «Истиқлол» Никола Кавазович роҳбарӣ кард. Дар ин бозӣ дастаи Тоҷикистон бо ҳисоби 2 бар 1 бар дастаи Қатар дастболо шуд.