Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 27-уми октябр дар маросими мавриди истифода қарор гирифтани варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан пас аз таъмиру таҷдид барои 20 ҳазор нафар тамошобинон ширкат хоҳад варзид.
Маҳз дар ҳамин варзишгоҳ чорабиниҳои асосӣ ба муносибати ба истифода додани нақби «Шаҳристон баргузор мешаванд.
Бино ба маълумоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар ин робита вохӯрии даври 22-юми Чемпионати ҷумҳурӣ оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ байни дастаҳои «Истаравшан» ва «Парвоз», ки бояд санаи 27-уми октябр дар ин варзишгоҳ доир мегардид, ба рӯзи 22-юми ноябр мавқуф гузошта шуд.
Ғайр аз ин, Бюрои Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон қарор кардааст, ки вохӯрии даври 22-юми Чемпионати ҷумҳурӣ оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ байни дастаҳои «Хайр» ва «Энергетик» аз санаи 28 ба 25-уми октябр гузаронида шуда, бозии дастаҳои «Вахш» ва «Хайр» аз даври 17-ум ба санаи 30-юми октябр таъин карда шавад.