Дар дараи Алмосӣ, ки аз беҳтарин минтақаҳои истироҳату саёҳати Ҳисор ва кулли Тоҷикистон ба шумор меравад, бо иштироки президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Академияи футболи дастаи Истиқлол мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, ҳоло дар ин ҷо биноҳои маъмурӣ, таълимӣ, хобгоҳ, ошхона, ҳаммом ва майдонҳои машқу тамрини футбол ва тарбияи ҷисмонӣ дар маҷмӯъ барои қабул ва таълиму тарбияи футболбозони наврас омода гардидааст.
Дар ин ҷо ҳоло аз миёни 2 ҳазор нафар довталабон тариқи озмун 80 нафар наврасон қабул шудаанд ва қабули довталабони дигар тавассути озмун идома дорад.
Академияи футболи Истиқлол бо ҳолати имрӯза имкон дорад, ки 140 нафар наврасонро барои омӯзиши футбол қабул намояд.
Сарвари давлат ба масъулин дастур дод, ки дар ин ҷо боз як бинои таълимӣ сохта, шумораи мактаббачагонро ба 280 нафар расонанд. Дӯстдорони навраси футбол дар ин академия натанҳо маҳорату малакаи футболбозӣ меомӯзанд, балки ҳамчунин бо таҳсилоти миёнаи умумӣ фаро гирифта мешаванд.