Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон даҳ варзишгари беҳтарини соли равонро эълон кард.
Ба иттилои президенти Ассотсиатсияи мазкур Нарзулло Латифов, бо натиҷагирӣ аз назарсанҷии журналистони бахши варзиш дорандаи медолҳои биринҷии Бозиҳои олимпии XXX-юми Лондон ва Чемпиоанти ҷаҳони оид ба бокс дар Чин, ҳамчунин соҳиби медолҳои нуқраи Чемпионати Осиё дар Муғулистон Мавзуна Чоиева варзишгари беҳтарини сол дониста шуд.
Ба даҳгонаи беҳтарин ҳамчунин варзишгарон Расул Боқиев (дзюдо), Дилшод Назаров (гурзандозӣ), Юсуф Абдусаломов (гӯштини тарзи озод), Ҷаҳон Қурбонов (бокс), Парвиз Собиров (дзюдо), Искандари Рустам (гӯштии озод), Акмалиддин Каримов (самбо), Комроншоҳи Устопириён (самбо) ва Алишер Аҳмедов (кикбоксинг) низ шомил гардиданд.
Ба қавли Н.Латифов, назарсанҷӣ бо иштироки беш аз 70 нафар рӯзноманигорони бахши варзиши нашрияҳои гуногун, шабакаҳои телевизиону радио ва оҷонсиҳои иттилоотӣ сурат гирифт. Зимнан зикр гардид, ки дар пурсишномаҳо журналистон номи 34 варзишгар дар 17 навъи варзишро зикр кардаанд.