Охири моҳи декабри соли 2012 варзишгарони тоҷик дар риштаи карате-до намуди шотокам аз Ҷоми Ҷаҳон бо 6-медали тилло, 6 нуқра ва 2 биринҷӣ ба ватан баргаштанд.
Тавре сухангӯи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Муродалӣ Тешаев хабар дод, мусобиқа дар шаҳри Волгогради Россия баргузор гардид. «Дар мусобиқаи мазкур 150 нафар варзишгарон беш аз 10 кишвар миёни писарону духтарон бо ҳам қувваозмоӣ намуданд», – гуфт вай.
Ба қавли номбурда, аз дастаи Тоҷикистон барандагони медалҳои тилло миёни писарон нафарони зерин ба ҳисоб мераванд: Азизҷон Худойбердиев дар вазни 35 кг, Илҳом Мирпочоев дар вазни 55 кг Далер Баротов дар вазни 67 кг ва Дилшод Аҳмадов дар вазни 75 кг.
«Аз духтарон бошад, ду нафар яке Назира Нозимова дар вазни 54 кг ва дигаре Мавлуда Тураева дар вазни 67 кг соҳиби медали тилло гардиданд», – афзуд сухангӯи КМО ҶТ.