Федератсияи дзюдои кишвар дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ба хотираи гиромидошти президенти фахрии дзюдои ҶТ, чемпиони ҷаҳон оид ба самбо Саидмуъмин Раҳимов аввалин мусобиқаи мутлақи кушодаи ҷумҳуриявӣ дар намуди дзюдоро доир мекунад.
Тавре котиби матбуотии Кумитаи миллии олимпии ҶТ Муродалӣ Тешаев хабар дод, роҳбарии умумии мусобиқа ба зиммаи Кумитаи ҷавонон вогузор гардида, рафти гузаронидани мусобиқа ба уҳдаи ҳайати доварони Федератсияи дзюдои ҷумҳурӣ вобаста карда мешавад.
«Мақсад аз баргузории мусобиқа тарғиби гӯштини дзюдо байни ҷавонон, мустаҳкам намудани дӯстиву рафоқат миёни кишварҳои хориҷӣ ва баланд бардоштани малакаю маҳорати олии варзишгарон аст», – гуфт ӯ.
Ба қавли вай, мусобиқа рӯзи 6 апрели соли 2013, дар «Маҷмаъи варзишии Кумитаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузор мегардад.
«Дар мусобиқаи мазкур варзишгарони (мардҳо аз сини 18 боло) шаҳру ноҳияҳои тобиеи ҷумҳурӣ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва кишварҳои хориҷӣ роҳ дода мешаванд. Мусобиқа аз рӯи вазни мутлақ аз вазни 81 кг боло гузаронида мешавад», – иброз дошт сухангӯи КМО ҶТ.
Зимнан зикр гардид, ки варзишгароне, ки дар вазнҳои худ ҷойҳои 1, 2 ва 3 юмро ишғол менамоянд бо диплом ва медали Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамчунин бо мукофотҳои пулии 25, 10 ва 7 сомонӣ қадрдонӣ карда мешаванд.