Тайи як ҳафта шуд ки дастаи футболи «Равшан»-и Кӯлоб ба бозӣ барои дарёфти Суперҷоми Тоҷикистон 2013 омодагӣ мегирад. Рақиби дастаи Равшани Кӯлоб, қаҳрамони 7 каратаи Тоҷикистон, барандани Ҷоми Тоҷикистон 2012, «Регар ТадАЗ» мебошад.
Бино ба маълумоти сомонаи расмии дастаи «Равшан», ба ҷуз Нуъмон Ҳакимов ки, дар давлати Урдун дар рафти тамрин пояш лат хӯрда буд, дигар тамоми бозингарони даста ба бозии навбатӣ омода мебошанд. Кулли бозингарон умедворанд ки дар ин бозӣ ғалаба ба даст хоҳанд овард.
Маъруф Рустамов, мураббии даста зимни суханронӣ қайд кардааст, ки «танҳо барои ғалаба кӯшиш мекунем ва боварӣ дорам, ки дастаи ман ғолиб ва соҳиби Суперҷоми Тоҷикистон-2013 мешавад». Мураббӣ ваъда дод ки, «имсол ҳам бо хости Худованд қаҳрамони Лигаи Олии Тоҷикистон мешаванд».
Қобили зикр аст, ки дастаи Равшани Кӯлоб дар таърихи худ барои аввалин маротиба дар ин мусобиқа иштирок мекунад. Каблан Суперҷоми Тоҷикистонро 3 маротиба дастаи Истиқлоли Душанбе ба даст овардааст.
Ёдовар мешавем ки, бозии мазкур рӯзи 27-уми март соати 14-00 дар варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб баргузор мегардад.