Дар мусобиқоти байнулмилалии «Ҷоми Каспий», ки имрӯзҳо дар майдонҳои пойтахти Озарбойҷон – шаҳри Боку ҷараён дорад, дастаи мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон (U-16) вохӯриии сеюми худро баргузор намуд.
Бино ба маълумоти сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар ин бозӣ футболбозони навраси тоҷик бо ҳисоби 2 бар 1 бар дастаи Урдун дастболо шуданд. Муаалифи ду тӯб ба дарвозаи ҳариф ҳамлагари дастаи Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ Рустам Толибов аст.
Ёдрас мекунем, ки қаблан дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқот дастаи наврасони Тоҷикистон аз дастаҳои Ургуай бо ҳисоби 0 бар 3 ва аз дастаи Ҷопон бо ҳисоби 1 бар 3 шикаст хӯрда буд. Пагоҳ, 4-уми июн дар бозии ниҳоӣ барои ишғоли зинаҳои 9-10-ум дастаи Тоҷикистон бо дастаи Қирғӣзистон қувваозмоӣ хоҳад кард.