Дастаи «AV Football Academy»-и Нигерия барои анҷоми як қатор бозиҳои дӯстона бо клубои маҳаллии лигаҳои олӣ ва якум озими Тоҷикистон шуд.
Тавре сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, футболбозони африқоӣ дар аввалин бозии дӯстонаи худ дар Тоҷикистон бо тими «Энергетик» сабқат мекунанд.
Бозии дӯстонаи байналмилалӣ миёни дастаи «Энергетик» ва тими «AV Football Academy» дар варзишгоҳи «Авиатор»-и шаҳри Душанбе 29-уми июн соати 17:30 шурӯъ шуд.
«Энергетик»-и Душанбе баъди анҷоми давраи аввали мусобиқоти имсолаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон дар 9 бозӣ 11 имтиёз ба даст оварда, дар миёни 10 дастаи лигаи олӣ дар мақоми 5-ум қарор дорад.