Бо қарори Федератсияи Футболи Тоҷикистон доварони босалоҳият беҳтарин футболбоз, муррабӣ ва довари моҳи июнро муайян карданд. Натиҷагирӣ ҳар моҳ гузаронда мешавад.
Тавре дар сомонаи расмии ФФТ омадааст, аз рӯйи натиҷаи моҳи июн беҳтарин футболбози чемпионат нимҳиямоятгари ганагии «Равшан»-и Кулоб Дэвид Мауто муайян шудааст.
Миёни муррабиён роҳнамои «Энергетик»-и пойтахт Тоҳир Мӯминов ва чун довари беҳтарини сол Диловаршоҳ Орзуев номбар шудаанд.
Ин нафарон, имрӯз 4 июл дар ҳаҷми 500 сомонӣ ҷоизаи пулӣ хоҳанд гирифт. Едрас мекунем, ки дар моҳи май бозингар Виллер Соуза Оливейра, собиқ муррабии мунтахаби Тоҷикистон Никола Кавазович ва довар Равшан Ишматов ба унвони беҳтаринҳо ноил шуда буданд.