Дар бозии финалии Ҷоми федератсияи футболи Тоҷикистон, ки ҷоизаи он 30 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, дастаи «Хайр»-и Ваҳдат бо ССКА «Помир»-и Душанбе рақобат мекунанд. Ин аз рӯйи натоиҷи бозиҳои нимниҳоӣ, ки 8-уми июл доир шуданд, маълум гардид.
Чӣ тавре ки торнамои расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад. ССКА «Помир» дар вохӯрии ҷавобӣ низ бар дастаи «Эсхата»-и Хуҷанд бо ҳисоби 1:0 пирӯз гардид (бозии аввал – 3:0) ва «Хайр» бо ҷамъи натиҷаҳои бозӣ ба ҳисоби умумии 3:1 тими истравшании «Далерон-Ӯротеппа»-ро шикаст дод.
Пас аз бохти ҳадди ақалл (0:1) дар аввалин бозии нимниҳоӣ тими шаҳри Ваҳдатро барои расидан ба даври ниҳоӣ зарур буд, ки ғолиби мусобиқоти Тоҷикистон миёни дастаҳои бошгоҳи якум дар минтақаи Суғд – дастаи «Ӯротеппа»-ро бо бартарии ду ва зиёда тӯб шикаст диҳад. Футболбозони дастаи «Хайр» аз оғози бозӣ бартариро соҳиб шуда, тӯби аввалро ба дарвозаи ҳариф ворид карданд.
Дар дақиқаи 11-уми вохӯрӣ нишонзан Мирзобек Мирзоев ҳисобро кушод. Тими Ваҳдат ҳуҷум дар дарвозаи «Ӯротеппа»-ро идома дода, баъд аз гузашти 33 дақиқа легионер аз Гана Муҳаммад Иброҳим бо дарвозабон як ба як баромада, тӯби дуюмро вориди дарвоза кард. Пас аз сипарӣ шудани 4 дақиқаи дигар ҳимоягар Маҳмадлоиқ Нуриддинов ба ҳуҷум гузашта, бо зарбаи сар ҳисобро ба 3:0 расонид. Пас аз танаффус дастаи Истаравшан хост ҳисобро баробар кунад, аммо то охири бозӣ ба ин муваффақ нашуд.
ССКА «Помир»-и Душанбе барандаи бозии аввали нимниҳоӣ бо ҳисоби 3:0 гардида, дар бозии ҷавобӣ бар тими «Эсхата»-и Хуҷанд 1:0 пирӯз шуд. Тӯби нахустинро дар нимаи аввали бозӣ нимҳимоягар Шамсиддин Қосимов ба дарвозаи ҳариф ворид кард.
Ба ин тариқ, дар бозии ниҳоии Ҷоми федератсияи футболи Тоҷикистон дастаҳои «Хайр»-и Ваҳдат ва ССКА «Помир»-и Душанбе вомехӯранд. Таърих ва маҳалли баргузории бозии ниҳоӣ Федератсияи футболи Тоҷикистон дертар муайян хоҳад кард.