spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Коршинос дар бораи натиҷаҳои дастаи Тоҷикистон дар Универсиада


Бори нахуст дар таърихи худ дастаи Тоҷикистон бо як ҳайати сершумор дар мусобиқоти Универсиадаи тобистонаи Қазон, ки имрӯз ба итмом мерасад, ширкат варзид ва панҷ медал ба даст овард, ки инро метавон як комёбие арзёбӣ намуд, аммо ҳамчунин бо боварӣ метавон зикр кард, ки кишвари мо ба дарёфти комёбии шоистатаре имкон дошт. Чунин ибрози андеша намуд ба ОИ «Азия-Плюс» шореҳи маъруфи тоҷик, раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов.

Ба гуфтаи шореҳ, дар ҳисоби даставии мусобиқоти Универсиада миёни 162 кишвари ҷаҳон Тоҷикистон зинаи 44-умро ишғол кард, вале дар ҳамин ҳол, миёни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ варзишгарони тоҷик зинаи охир ва дар байни кишварҳои собиқи шӯравӣ мақоми 12-умро касб намуданд.

«Тавре қаблан гуфтам, дастаи Тоҷикистон бо ҳайати 50 нафар ба панҷ медали Универсиада – ду медали нуқра ва се биринҷӣ шарафёб гардида, инро метавон як дастоварде шумурд, лекин дар сурати дастгирии бештари ҳукумат ва ташкили ҳарчи хубтари дастгирии сарпарастон, варзишгарони тоҷик ба комёбиҳои бештар назаррас ноил шуда метавонистанд», – зикр кард номбурда.

Коршинос мутмаин аст, ки агар муддати зиёдтаре қабл аз оғози Универсиада ҳукумати Тоҷикистон ситоди тадорукоту омодагӣ ва иштироки варзишгарони ватаниро таъсис медод, натиҷаҳои варзишгарон хеле беҳтар мешуданд.

«Аз панҷ медал чортоаш ба донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ва яктоаш ба донишҷӯи Донишкадаи давлатии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш тааллуқ доранд. Мутаассифона, дар мусобиқоти бокс, дзюдо ва варзиши сабук ҳеҷ яке аз намояндагони Тоҷикистон ба комёбие ноил нагардид», – тахъкид кард Н.Латифов.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...