Футболбозони дастаҳои лигаи олӣ ва якуми Тоҷикистон минбаъд дар мусобиқоти футболи хурд (футзал) иштирок карда наметавонанд. Дар ин бора бо истинод ба котиби генералии Федератсияи футболи Тоҷикистон Ислом Маҳмадшоев торнамои расмии ФФТ хабар медиҳад.
Ба гуфтаи Маҳмадшоев, дар мусобиқоти зимистона оид ба футболи хурд ба хотири ёдбуди собиқ футболбози маъруфи дастаи «Помир», «Ирригатор» ва «Вахш» Александр Кирсанов, ки ҳамасола маъмулан моҳи декабр доир мегардлад, танҳо бозигарони риштаи футболи хурд ширкат хоҳанд варзид.
Номбурда ҳамчунин дар ин робита зикр намудаст, ки аз соли оянда ба дастаи мунатахаби футболи хурди кишвар танҳо бозигарони риштаи футболи хурд даъват карда мешаванд. Қобили зикр аст, ки қаблан дастаи мунтахаби футболи хурди Тоҷикистон дар мусобиқоти байнулмилалиро футболбозони дастаҳои лигаи олӣ намояндагӣ мекарданд.