Ҳамлагари 32-солаи бразилиягӣ Андраде Дос Сантос Жуниор Веберсон барои санҷиш ба дастаи футболи «Истиқлол» ҳозир шудааст.
Бино ба иттилои торнамои расмии дастаи «Истиқлол», ин футболбози бразилиягӣ қаблан дар дастаи футболи лигаи якуми футтболи Русия – «Динамо» (Брянск), тими суперлигаи Қазоқистон – «Ордабасы» ва дастаи «Гойтаказ»-и гурӯҳии «В»-и чемпионати штати Рио-де-Жанейро ҳунарнамоӣ намудааст.
Дар синнусоли наврасӣ Сантос Жуниор дар дастаҳои «Сан-Паулу» ҳамроҳи футболбозоне чун Кака (феълан бозигари «Реал») ва Жулио Баптиста («Малага») бозӣ кардааст.
Гуфта мешавад, дар сурати муваффақона аз санҷиш гузаштан, бо футболбози бразилиягӣ қарордоди инфиродӣ баста мешавад.