Дар мусобиқоти Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук, ки дар шаҳри Маскав ҷараён дорад, варзишгари маъруфи тоҷик Дилшод Назаров дар сабқати гурзпартоӣ мақоми панҷумро касб кард.
Бино ба иттилои сомонаи расмии мусобиқот, дар қувваозмоии даври ниҳоӣ миёни 12 варзишгар Дилшод Назаров бо натиҷаи 78 метру 31 сантиметр зинаи 5-умро ишғол намуд. Натиҷаи давраи интихобии ӯ ба 77 метру 93 санитметр баробар буд.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта дар Маскав мусобиқоти Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук оғоз гардиданд. Дар ин мусобиқот Тоҷикистонро Владислава Овчаренко (давидан ба масофаи 200 метр) ва Дилшод Назаров (гурзандозӣ) намояндагӣ карданд. Овчаренко ҳанӯз дар давраи интихобӣ ба шикаст мувоҷеҳ гардида буд.