Дар бозии нимфиналии мусобиқоти футболи Ҷоми «Истиқлол» дастаи Федератсияи футболи Тоҷикистон бар дастаи Бонки миллӣ бо ҳисоби 3 бар 0 дастболо шуда, ба бозии финалӣ роҳ ёфт. Ба ҳайати ин даста президенти ФФТ Рустами Эмомалӣ, сармураббии тими мунтахаби Тоҷикистон Муҳсин Муҳаммадиев ва сармурабии дастаи «Истиқлол»-и Душанбе Олег Ширинбеков шомиланд.
Бино ба иттилои сомонаи расмии ФФТ, акнун дар бозии финалӣ дастаи ФФТ бо тими ширкати «Вавилон» қувваозмоӣ мекунад. Дар вохӯрии нимфиналӣ дастаи «Вавилон» тими Академияи футболи «Истиқлол»-ро бо ҳисоби 4 бар 2 шикаст дод.
Қобили зикр аст, ки ғолиби мусобиқот ба ҷуз Ҷом, дар ҳаҷми 40 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ гирифта, дастаи шикастхӯрда дар бозии финалӣ бо 20 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ сарфароз гардонида мешавад.