Дар мусобиқоти нахустини футболи хурд барои дарёфти Ҷоми дастаи «Истиқлол» тими Федератсияи футболи Тоҷикистон ғолибият ба даст овард.
Бино ба иттилои сомонаи расмии ФФТ, дар вохӯрии финалии мусобиқот, ки дирӯз, 5-уми сентябр баргузор шуд, дастаи ФФТ бо ҳисоби калони 4 бар 1 бар дастаи «Вавилон» дастболо гардид. Тӯбҳоро ба дарвоазаи ҳариф Комрон Шодиев (2 тӯб), Олег Ширинбеков ва Рустами Эмомалӣ ба ҳадаф расониданд. Ҳамин тариқ, президенти ФФТ Рустами Эмомалӣ бо 26 тӯб нишонзани беҳтарини мусобиқот дониста шуд.
Ба дастаи ғолиб 40 ҳазор сомонӣ ва дастаи дар вохӯрии финалӣ иштироккарда 20 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ супурда шуд.