Вохӯрии дуюми дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо дастаи Бутан дар мусобиқоти интихобии Чемпионати футболи Осиё миёни наврасон (U-16) дар Ал-Қувайт бо ҳисоби бузурги 12 бар 0 ба фоидаи тоҷикистониён анҷом пазируфт. Вохӯриии аввал бо дастаи Ҳиндустон мусовӣ – 1 бар 1 анҷом ёфта буд.
Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар ин вохӯрӣ футболбозони навраси дастаи Тоҷикистон Собирҷон Гулаков 4, Рустам Толибов 3, Муҳаммадҷони Ҳасан 2 ва Ҳокимҷон Ҳасанов, Худойдод Узоқов ва Ҳикматулло Малодӯстов 1-тӯбӣ ба дарвозаи ҳариф гол заданд.
Ҳамин тариқ, пас аз ду вохӯрӣ футболбозони тоҷик 4 имтиёз ба даст оварда, пешсафи гурӯҳи худ шуданд. Вохӯриҳои дигари дастаи Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» рӯзи 27-уми сентябр бо дастаи Қувайт ва рӯзи 29-уми сентябр бо дастаи Лубнон баргузор мешаванд.
Ёдрас мекунем, ки вохӯриҳои давраи инихобии Чемпионати футболи Осиё миёни наврасон (U-16) дар гурӯҳи «А» аз 21 то 29-уми сентябр баргузор мешаванд. Ҳамаи вохӯриҳо дар варзишгоҳи Алӣ Сабоҳ Ал-Салом дар Ал-Қувайт доир мегарданд.
Ғолибони 10 гурӯҳи интихобӣ ва панҷ дастаи беҳтарин аз ҳисоби тимҳои зинаи дуюмро ишғолнамуда ба даври финалии Чемпионати Осиё роҳ меёбанд. Чемпионати футболи Осиё миёни наврасон (U-16) соли оянда дар Тайиланд баргузор мешавад.