Дастаи мунтахаби футболи хурд (футзал)-и Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармураббӣ Дамир Камолиддинов дар мусобиқоти даври интихобии минтақаи Осиёи Марказии Чемпионати Осиё-2014 оид ба футболи хурд, ки рӯзҳои 5-7-уми ноябр дар Тошканд доир мегардад, иштирок мекунад.
Тавре сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, барои дарёфти роҳхат аз гурӯҳи «А» дастаҳои Тоҷикистону Қирғизистон ва Туркманистону Ӯзбекистон рақобат мекунанд.
Ба иттилои манбаъ, вохӯриҳо дар маҷмааи варзишии «Ӯзбекистон» доир гардида, дар вохӯрии нахуст дастаи Тоҷикистон бо тими мунтахаби Қирғизистон қувваозмоӣ мекунад. Вохӯриҳои дигар даста рӯзи 6-уми ноябр бо дастаи Ӯзбекистон ва рӯзи 7-уми ноябр бо дастаи Туркманистон баргузор мешаванд.
Қобили зикр аст, ки ба давраи ниҳоии Чемпионати Осиё се даста аз ин гурӯҳ роҳхат мегиранд. Чемпионати ахири Осиё оид ба футболи хурд соли гузашта дар Аморати Муттаҳидаи Араб доир гардида, дастаи Ҷопон ғолибият ба даст оварда буд.