Дар бозии аввали даври ниманиҳоии мусобиқаи Лигаи чемпионҳои футболи Аврупо дастаи «Реал» (Испания) дар майдони худ тими «Атлетико» (Испания)-ро қабул карда, бо ҳисоби бузурги 3 бар 0 дастболо шуд.
Бино ба маълумоти сомонаи расмии Иттифоқи ассотсиатсияҳои футболи Аврупо (УЕФА), ҳар се тӯбро аз дасти мизбон Криштиану Роналду ба ҳадаф расонд.
Бозии ҷавобии дастаҳо рӯзи 10 май доир мегардад. Дар вохӯрии дуюми даври ниманиҳоии Лигаи чемпионҳои футболи Аврупо имрӯз, 3 май дастаҳои «Монако» (Фаронса) ва «Ювентус» (Италия) бо ҳам қувваозмоӣ мекунанд.