Гуштигири маъруфи тоҷик Комроншоҳи Устопириён баъди пирӯзӣ дар мусобиқаи Гран-прии Анталия ба ватан баргашт. Дар фурудгоҳи Душанбе ӯро хешону наздикон, дӯстон, намояндагони сохторҳои варзиши кишвар, журналистон ва мухлисони дзюдо истиқбол гирифтанд.
Модари варзишгар Марябибӣ-апа мегӯяд, ҳангоми қувваозмоиҳои писараш хеле ба ҳаяҷон омадаву оромона онро тамошо карда наметавонад.
Усто Устопиров, падари гуштигир ва Фаридун, бародари Комроншоҳ, ки айни замон ба тамрини ӯ машғуланд, низ аз пирӯзии ӯ қаноатманданд.
– Аз комёбии Комроншоҳ хеле шодем, лекин вақти дамгирӣ нест. Баъди каме истироҳат омодагиро ба мусобиқаҳои асосии мавсим – Бозиҳои Осиё ва Чемпионати ҷаҳон оғоз мекунем. Аз моҳи май мусобиқаҳое оғоз мегарданд, ки дар он барои гирифтани роҳхат ба Бозиҳои олимпии соли 2020 метавон баллҳои рейтингӣ ба даст овард. Ҳамаи талошҳои мо ба ин равона хоҳад шуд, – иброз дошт падари гуштигир.
Муҳаммади хурдсол, писари Комроншоҳ низ ба пешвози падараш баромад, ки либоси кимоно дар бар дошт.
– Оилаамро хеле пазмон шудам. Писарамро ба оғӯш гирифта, акнун ҳамаи хастагиҳои сафару роҳ баромад. Ба ҳамаи онҳое, ки ба пешвози ман омаданд, миннатдорӣ изҳор мекунам. Талош хоҳам кард, ки минбаъд низ бо пирӯзиҳо шуморо шод созам, – гуфт ба ҳозирин Комроншоҳ.
Ёдрас мекунем, ки дар мусобиқаи байнулмилалии Гран-прии «Grand-Prix Antalya 2018» дар шаҳри Анталияи Туркия Комроншоҳи Устопириён медали тилло ба даст овард. Дар вазни то 90 кило ӯ бар 4 ҳарифаш – Самули Виитанен (Финландия), Солтон Броун (ИМА), Мамадалӣ Меҳдиев (Озарбойҷон) ва чемпиони ҷаҳон дар соли 2017 Неманя Майдов аз Сербия дастболо шуд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.