Дар шаҳри Душанбе сохтмони маҷмааи бузургмиқёси варзишӣ идома дорад. Бунёди он дар майдони 10 гектар назди боғи фарҳангу фароғати ба номи Умари Хайём байни нишебӣ ва теппаҳои Лучб ва дарёи Душанбе ҷараён дорад.
Дар корҳои сохтмони ин иншоот наздики 20 ширкатҳои ватанӣ ва хориҷӣ иштирок дошта, то 2 ҳазор нафар ба иҷрои корҳо машғуланд. Баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани маҷмаа беш аз 600 нафар бо ҷойҳои кории доимӣ дар ин ҷо таъмин мешаванд.
Дар ин маҷмаа ҳамаи хоҳишмандон – аз кӯдакони синни 7-сола то калонсолон ба варзиш машғул шуда метавонанд. Дар ҳавзи шиноварии кушод барои баргузории ҳама гуна навъҳои мусобиқа оид ба ин навъи варзиш дар сатҳи байнулмилалӣ шароит фароҳам оварда мешавад.
Дар қаламрави маҷмааи варзишӣ ҳамчунин сохтмони таваққуфгоҳҳои зеризаминӣ барои автомашинаҳо низ пешбинӣ шудааст.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.