Мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон (U-16) таҳти сарварии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов рӯзи 30 сентябр дар бозии даври 1/8 финалӣ бар дастаи Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея (ҶХДК) аз рӯи зарбаҳои 11-метра бо ҳисоби 4 бар 2 (вақти асосӣ – 1:1) ғолиб омада, ба даври нимфиналии Чемпионати Осиё-2018 ва Чемпионати ҷаҳон (U-17), ки соли оянда дар Перу баргузор мешавад, роҳхат гирифт.
Қаблан мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон расо 11 сол пеш – соли 2007 дар Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дар Кореяи Ҷанубӣ ширкат варзида буд.
Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, дарвозабони даста Муҳриддин Ҳасанов, ки аз уҳдаи баргардонидани ду зарбаи 11-метра баромад, дар пирӯзии даста саҳми назаррас дорад.
Ҳарифи Тоҷикистон дар даври нимфиналии Чемпионати Осиё (U-16), ки айни замон дар Малайзия мегузарад, имрӯз баъди натиҷаи вохӯрии ҷуфти 1/8 финалии Кореяи Ҷпнубӣ – Ҳиндустон муайян мешавад.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.