Аз ба медали тилло сазовор гардидани гуштигири тоҷик Хушқадам Хусравов дар чемпионати ҷаҳон оид ба самбо дар Бухарест як моҳ нагузашта, ӯ аллакай ба пирӯзиҳои навбатӣ омодагӣ мегирад.
Вақте мо тасмим гирифтем, ки ба назди ӯ меравем, хаёл доштем, ки Хушқадам дар ҷое истироҳат дорад, зеро ҳадафи асосӣ ба даст омада, акнун метавон аз машқҳои хастакунанда каме истироҳат кард. Лекин қаҳрамони мо дигар буда, устуворона сӯи фатҳи қуллаҳои нав қадам мезанад
Гузориши видеоии мо доир ба ҳадафҳои минбаъдаи қаҳрамон.
Ин хабар дар доираи лоиҳаи “Салом соседи!” таҳия шудааст. Гузориши пешин дар доираи ин лоиҳа бо суроғаи зерин қобили дарёфт аст.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.