Сармураббии мунтахаби футболи Ҷопон Хадзимэ Мориясу пас аз вохӯрии марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2002 бо дастаи Тоҷикистон қайд кард, ки ғалаба дар ин бозӣ осон ба даст наомадааст. Дар ин бора дар сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар дода мешавад.
– Шогирдони ман баҳри ғалаба хеле талош варзида, бозии хуб нишон доданд. Ин ғалабаро ба қурбониёни офати табиӣ дар Ҷопон мебахшем. Барои дастгирӣ ба ҳама миннатдорӣ иҳзор мекунам, -гуфт сармураббӣ.
Дар робита ба ҷараёни бозӣ Мориясу иброз дошт, ки дар қисми якум аз ҷониби футболбозони тоҷик фишор ҳис мешуд.
– Ҳолате буд, ки замони 0:0 будани ҳисоб ҳариф ба дарвозаи мо гол зада метавонист, лекин дарвозабон наҷот дод. Дар қисми дуюм мо бозиро каме тағйир дода, фишор ба дарвозаи ҳарифро зиёдтар кардем ва пирӯз шудем, – мегӯяд ӯ.
Сармураббии Ҷопон дар мавриди бозии футболбозони кишварамон зикр кард, ки дастаи Тоҷикистон тими қобили рақобат буда, аз лиҳози тактика хуб таълимдида аст. “Ба мунтахаби Тоҷикистон дар бозиҳои минбаъда комёбӣ орзу дорам”, – илова кард ӯ.
Бозии даври чоруми марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2002 оид ба футбол дар гурӯҳи «F» байни мунтахабҳои Тоҷикистон ва Ҷопон бо ҳисоби 0:3 ба фоидаи меҳмонон анҷом пазируфт.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.