Мо дар бораи одамоне маълумот хоҳем дод, ки бо нерӯи худ ба ояндаи пурифтихори варзиши тоҷик умедворӣ мебахшанд.
Дар гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” видео-лоиҳаи “Тоҷикистон, ба пеш!” роҳандозӣ мешавад. Мо дар бораи варзишгарони маъруфтарин ва ҳадафманд, инчунин шахсоне, ки ба ояндаи пурифтихори варзиши тоҷик умедворӣ мебахшанд, маълумот хоҳем дод. Ҳамаи онҳо ифтихори халқу кишваранд. Ба онҳо нигариста, хитоб мекунем: “Тоҷикистон, ба пеш!”
Мо оид ба роҳи тайкардаи ҷавонони одие, ки ба натиҷаҳои бузург ноил шуданд, нақл мекунем: онҳо киянду чӣ аз сар мегузаронанд ва чаро аз варзиш даст намекашанд.
Гузоришҳои видеоӣ ҳар рӯзи чоршанбе пешкаш мешаванд. Фардо, 30-юми октябр дар бораи Аъзам Ғаффоров мавод нашр мекунем. Ӯ зодаи як деҳаи дурдасти Муъминобод буда, дорои камарбанди гаронарзиш дар Тоҷикистон аз рӯйи муҳорибаҳои омехта аст.
Маълумоти муфассал дар бораи чӣ арзиш доштани ин камарбанд, дар кадом шароит ба варзиш машғул шудану то чӣ андоза ба пирӯзӣ майл доштани ӯро фардо дар торнамои ASIA-Plus ё саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ дарёфт карда метавонед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.