Чемпионати футболи Осиё байни ҷавонон (U-23) соли 2022 дар Ӯзбекистон баргузор мешавад, хабар медиҳад Podrobno.uz бо истинод ба Ассотсиатсияи футболи Ӯзбекистон.
Раҳбарияти Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) дархости Ассотсиатсияи футболи Ӯзбекистонро дар бораи баргузории ин мусобиқа маъқул донист.
Дар ҳамин ҳол, ҳоло муҳлати дақиқи баргузории бозиҳои чемпионат ва шаҳрҳое, ки онҳоро қабул мекунанд, маълум нест.
Тавре аз Ассотсиатсияи футболи Ӯзбекистон хабар додаанд, аз замони мавҷудияти ин мусобиқа аз соли 2013 мунтахабҳои Ӯзбекистон, Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон ва Ироқ ба пирӯзӣ дар он даст ёфтаанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.