Рӯзи 20 феврал дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бозии финалии мусобиқаи 10-уми ҷашнии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ-2021) бо ҳузури 5100 нафар мухлисон доир гардид.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ФФТ бозии финалӣ байни дастаҳои “Истиқлол”-и Душанбе ва “Хатлон”-и Бохтар бо ҳисоби 1:0 ба фоидаи душанбегиҳо анҷом ёфт.
Тӯби ягонаро аз дастаи “Истиқлол” легионери украинии ин тим Алексей Ларин дар дақиқаи 4-уми иловагии қисми дуюм ба ҳадаф расонида, ғалабаи “Истиқлолро таъмин намуд.
Қобили зикр аст, ки ин ғалабаи 6-уми “Истиқлол” дар мусобиқаи “Ҷоми ФТТ мебошад. Қаблан даста солҳои 2014, 2015, 2017, 2018 ва 2019 ин ҷоизаро ба даст оварда буд.
Гуфта мешавад, муаллифи голи ягона дар вохӯрӣ Алексей Ларин бозингари беҳтарини вохӯрии финалӣ дониста шуд.
Дар бозӣ барои дарёфти ҷойи сеюми мусобиқа “Регар-ТадАЗ”-и шаҳри Турсунзода футболбозони тими “Равшан”-и Кӯлобро бо ҳисоби 2:1 мағлуб намуда, ба гирифтани медалҳои бириҷӣ шарафёб гардид.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.