spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Ҳамагӣ 4 варзишгар ба ҷоизаи президент шарафёб гардиданд

Пандемияи COVID-19 шумори варзишгарони гирандаи ҷоизаи ҳамасолаи сарвари давлатро ба таври назаррас кам кард.

Тавре маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, Ҷоизаи Президенти Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалӣ ба варзишгарони беҳтарини соли 2020 ҳамагӣ ба 4 нафар варзишгар тақдим карда шуд.

Гуштингирон Муҳаммад Икромов ва Ҳикматтуло Воҳидов барои ба даст овардани медали нуқра дар Чемпионати Осиё-2020 аз рӯи намуди гуштини тарзи озод ва юнонӣ-римӣ ҳар кадом бо 50 000 сомонӣ (10 000 ба мураббӣ) сарфароз гардиданд.

Инчунин Искандари Рустам ва Мубинҷон Ахмедов, ки дар ин чемпионат медали биринҷӣ ба даст оварданд, ҳар кадом соҳиби 25 000 сомонӣ (5 000 сомонӣ ба мураббӣ) шуданд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Сарнавишти имсолаи Ҷоизаи Президенти Тоҷикистон барои варзишгарон чӣ шуд?

Ёдрас мекунем, ки соли 2019 36 варзишгар аз рӯи 10 навъи варзиш ба ҷоизаи президент соҳиб шуда буданд. Соли 2018 рекордӣ шуда буд: дар ин сол 69 нафар ҷоизаи президентро гирифтанд.

Ҷоизаи президенти Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалӣ ба варзишгарони беҳтарин соли 2015 таъсис дода шуд. Соли 2016 ба 21 нафар, 2017 – 26 нафар, 2018 – 74 нафар ва 2019 – ба 42 варзишгар ин ҷоизаи президент тақдим шуд. Маблағи ҷоиза давоми ин солҳо вобаста ба натиҷаҳои бадастомада ва навъи варзиш аз 15 000 то 300 000 ҳазор сомониро ташкил дод.

Гуфта мешавад, бо сабаби пандемияи COVID-19 ва маҳдудият сафар ба хориҷа, аз моҳи марти соли 2020 тамоми мусобиқаҳо ё барҳам хурданд ё ба вақти дигар гузаронида шуданд. Ҳамаи ин ба нисбатан паст шудани натиҷаҳои варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои стаҳи ҷаҳонӣ боис гардид.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...