Чанд рӯз пеш дар шаҳри Қазони Тотористон ҳаводорони варзиш шоҳиди пирузии таърихии паҳлавони тоҷиктабори Русия Маҳмадбек Маҳмадбеков, писарамаки паҳлавони сатҳи ҷаҳонии Тоҷикистон Сомон Маҳмадбеков, дар руйдоди муҳими варзиши ҷудо шуданд.
То ҳануз қалбҳои ҳаводорони варзиши тоҷик аз ин пирӯзӣ саршор аз шодиву сурур ҳаст ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ, дар расонаҳои хориҷиву дохилӣ дар барои ин корнамои мегӯянду менависанд.
Бале, Маҳмадбек дар таърихи ҷудо нахустин тоҷике шуд, ки нишони тиллои “Гранд Слам” ё “Тоскулоҳи Бузург”-ро ба гардан овехт. Барои узви тими мунтахаби ин ё он варзиш шудан дар Русия, варзишкор бояд даҳҳо марҳилаҳоро паси сар кунад. Ӯ бояд дар мусобиқоти шаҳрӣ, вилоятӣ, ҳавзавӣ ва кишварӣ ғолиб ё ҳаддиақал ҷоизадор шавад.
Федератсиюни ҷудои Русия нафарҳои якум то ҳафтуми ҳар вазнро аввал ба мусобиқаҳои сатҳи поёнтар Ҷомҳои қитъавӣ, кушода (OPEN), мусобиқоти қоравӣ ва Гранд-Приҳо мефиристад ва як сол барои онҳо фурсат медиҳад, то натиҷаҳои хуб ба даст биёваранд. Ҳар ҷудокоре,ки натавонист медал бигарад, баъди як сол аз мунтахаб берун мешавад ва дубора бояд марҳилаҳои дар боло номбаркардаро аз нав тай кунад. Маҳмадбек порсол Ноибқаҳрамони ҷудои ҷавонони то 23 солаи Аврупо ва аз ин пеш барандаи медалҳои тиллои Ҷомҳои ҷудои Урупо ва Осиё байни калонсолон шуда буд.
Мусобиқаи “Гранд-Слам”и Қазон барои Маҳмадбек муҳим буд, чун агар натиҷае ба даст намеовард ӯро аз мунтахаби Русия ҳазф мекарданд. Ин охирин шонси ӯ барои мондан дар тими миллӣ буд.
Маҳмадбек аз нигоҳи баданӣ ва равонӣ омодаи як чунин пирӯзии бузург буд. Дар қадами аввал Қаҳрамони ҷудои ҷавонони то 23-солаи Урупо Зинг Антониёи олмониро, дар даври дувум паҳлавони тозанафаси озарӣ Маҳмадалиевро мағлуб кард.
Даври севум барои ӯ хеле мушкил уфтод. Маҳмадбек бо писарамакаш Сомон, ки аз кудакӣ дар як хона бузург шудаанд ва ҳамеша якҷоя тамрин кардаанд, бояд куштӣ мегирифт. Ба қавли худаш ин ҷудо ҳаст, баъзан ногузир мешавем, ки бо ҳам мубориза кунем. Дар ин набард ҳам Маҳмадбек пирӯз шуд.
Дар даври чаҳорякниҳоӣ ӯро Қаҳрамони ҷудои бузургсолони Урупо Фернандес Карпетян интизор буд. Паҳлавони тоҷик Карпетянро бо усули дард додани даст аз сари роҳи худ дур кард ва ба марҳилаи ниманиҳоӣ роҳ ёфт. Дар нимниҳоӣ Маҳмадбек ду карат ҷоизадори Чемпоинати Урупо, ҷоизадори Мастерс, “Гранд-Слам” ва барандаи “Гранд При”, ҷудокори исроилӣ Тоҳар Бутбулро бо усули хафа кардан аз пой даровард ва роҳии финал шуд.
Дар финали мусобиқа ӯ бо дӯсти чеченитабор худ Аюб Хоҷаалеив мубориза кард ва бо як партофти зебо ҳарифашро ба тахтапушт зад ва нахустин тоҷике шуд, ки нишони тиллои “Гранд- Слам”-ро ба гардан овехт.
Маҳмадбек бисёр паҳлавони зирак,ҳушманд, чолок ва дар майдон нисбати ҳарифаш бисёр "бераҳм" ва берун аз майдон хушахлоқу хушбархӯрд аст. Усулҳое, ки ин паҳлавони тоҷик ба кор мебарад фақат ҷудокорони "интелект" -и зиёд дошта метавонанд истифода кунанд ва ҳарифонро бисёр сахт ба замин мезанад, яъне куштиаш бисёр тамошоӣ ҳаст. Наворе, ки Маҳмадбек баъди пирузӣ дар финал ҳарифашро ба оғӯш кашид ва дилбардорӣ кард дар тамоми ҷаҳон паҳн шуд ва ҳама таҳсину офаринаш мехонанд.
Мусоҳибааш низ хеле олӣ буд. Худнамоӣ накард, ҳарфи беҷо нагуфт. Маҳмадбек аҳли мутолиа ва ҷавони огоҳ аст. Коршиносони ӯро беҳтарин ҷоигузини нафарҳои якуму дуввуми вазни -73 кг ҷудои Русия -Денис Яртсев ва Мӯсо Магушков медонанд. Ӯ мавқеъашро дар тими миллии ҷудои Русия, иншооллоҳ, барои чандин соли дигар устувор кард.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.