Чемпионати чоруми Тоҷикистон байни дастаҳои футболи занонаи Тоҷикистон оғоз ёфт. Дар он 10 даст иштирок мекунанд: «Зебонисо» (Душанбе), «Хатлон» (Бохтар), «Суғд» (Суғд), «Конибодом» (Конибодом), «Зебо» (Дӯстӣ), «Бешкент» (Носири Хусрав), «Чашма» (Шаҳритус), «Равшан» (Кӯлоб), «Ҳосилот» (Фархор) ва «Нӯшофарин» (Бохтар).
Дар даври аввал қаҳрамони амалкунандаи кишвар – “Зебонис”-и пойтахт дар майдони худ тими “Бешкент”-ро бо ҳисоби 4:1 шикаст дод.
Дастаи “Зебо”-и ноҳияи Дӯстӣ дастаи нави чемпионат – “Нӯшофарин”-ро бо ҳисоби калони 18:0 мағлуб кард. Муаллифи 11 голи ин даста Шукронаи Ҷумъахон аст, хабар медиҳад маркази матбуоти ФФТ.
Бозиҳои дигари даври якуми чемпионат байни дигар дастаҳо тариқи зайл анҷом ёфтанд: «Конибодом» ва «Чашма» – 7:0, «Суғд» ва «Равшан» – 4:3, «Хатлон» ва «Ҳосилот» 8:0, «Зебонисо» ва «Бешкент» – 4:1.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.