Омодагиро ба вохӯриҳои мазкур тими миллии Тоҷикистон рӯзи 20-уми май дар Душанбе оғоз намуда, рӯзи шанбеи 22-юми май, субҳи барвақт бо хатсайри ҳавоӣ тавассути Дубай ба Басра парвоз мекунад.
Тавре маркази матбуоти ФФТ хабар медиҳад, бозӣ бо мунтахаби миллии Ироқ рӯзи 24-уми май дар Басра баргузор мешавад. Баъд аз бозӣ бо тими миллии Ироқ дастаи мо ба Имороти Муттаҳидаи Арабӣ сафар карда рӯзи 29-уми май бо тими миллии Таиланд бозӣ мекунад.
Баъд аз ин, миллипӯшони футболи кишвар ба Осакаи Ҷопон сафар карда, дар он ҷо дар доираи бозиҳои марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 рӯзи 7-уми июн бо тими миллии Ҷопон ва рӯзи 15-уми июн бо тими миллии Мянма рақобат хоҳанд кард.
Гуфта мешавад, ба рӯйхати ситоди мураббиёни тими миллии Тоҷикистон 25 бозингар шомил ҳастанд, ки аз инҳо 3 кас дарвозабон, 7 кас муҳофизатгар, 10 кас ниммуҳофизатгар ва 5 кас ҳамалагар мебошанд.
Ба ҳайати тими миллӣ дар ин бозиҳо 7 бозингаре, ки дар бошгоҳҳои футболи хориҷи мамлакат бозӣ мекунанд, даъват шудаанд, ки инҳо – муҳофизатгарон Давронҷон Эргашев («Бунёдкор», Узбекистон), Табрези Давлатмир («Нарва Транс», Эстония), ниммуҳофизон Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Булғористон), Эҳсони Паншанбе («Навбаҳор», Узбекистон), Комрон Турсунов («ТРАУ», Ҳиндустон), инчунин ҳамлагарон Шериддин Бобоев («Пенанг», Малайзия) ва Шаҳром Самиев («Динамо-Авто», Молдова) мебошанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.