spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Мусовӣ, сифр бар сифр: бозии дӯстонаи Тоҷикистону Ироқ

Мунтахаби Тоҷикистон бозии дӯстонаашро бо мунтахаби Ироқ, мусовӣ, сифр бар сифр ба поён расонид. Ин бози шаби душанбеи 24-уми май дар варзишгоҳи «Ал-Файҳ»-и шаҳри Басра баргузор шуд. Дар ин бораи Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад. 

Бозӣ бо бартарии мизбонон сурат гирифт, вале онҳо аз чандин лаҳзаҳои хуби голзанӣ истифода карда натавонистанд. Футболбозони тоҷик бошанд, аслан аз пайи ҳимояи дарвозаашон буданд, бинобар ин бештар мизбонон ба нимаи майдони меҳмонон гузашта, дар ҷаримагоҳ ҳолатҳои хатарнокро ба вуҷуд меоварданд.

Ба ҳайати тими миллии Тоҷикистон чаҳор легионер – ҳимоятгар Давронҷон Эргашев (“Бунёдкор”, Узбекистон), нимҳимоятгарон – Эҳсони Панҷшанбе (“Навбаҳор”, Узбекистон), Комрон Турсунов (“ТРАУ”, Ҳиндустон) ва ҳамлагар Шериддин Бобоев (“Пенанг”, Малайзия) – дохил буданд.

Ҳамакнун мунтахаби Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Усмон Тошев, мутахассиси узбекистонӣ, аз Ироқ ба Имороти Муттаҳидаи Араб меравад ва рӯзи шанбе, 29-уми май, дар шаҳри Шарҷа бо тими миллии Тайланд бозии дӯстона анҷом медиҳад.

Баъдан тими миллии Тоҷикистон ба Осакаи Ҷопон сафар мекунад ва дар он ҷо ду бозии боқимондаашро дар доираи марҳилаи дуюми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 муқобили дастаҳои мунтахаби Ҷопон (7-уми июн) ва Мянмар (15-уми июн) баргузор мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...