spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Мижгона Самадова ва Шоира Зулқайнарова соҳиби $2500 ва медали биринҷии рақобатҳои бокси Осиё шуданд: НАВШУДА

Мижгона Самадова ва Шоира Зулқайнарова ду бонуи муштзани тоҷик барандаи нишони биринҷии вазни -57 ва -60 кг рақобатҳои қаҳрамонии бокси Осиё ва соҳиби ҷоизаи 2500$ шуданд.

Ин ду вазишгар рӯзи 27-уми май дар даври нимниҳоии вазни то 57 бо Ситора Турдибекова аз Ӯзбекистон ва Ҳасанан Ҳусватун аз Индонезия рақобат карданд.

Мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё, ки дар Дубай то 1-уми июн идома меёбад, аз рӯи 10 дараҷаи вазнӣ миёни занону мардон мардон сурат мегирад. Тоҷикистонро дар ин рақобатҳо 11 муштзан намояндагӣ кард, ки аз ин миён чаҳор нафар ба нимфинал роҳ пайдо карданд.

Дар сабқати мардон Баҳодур Усмонов, қаҳрамони феълии Осиё, дар вазни то 64 кг бар Пануаян Ҷон Паул аз Филиппин бо накаути техникӣ ва Шаббос Неъматуллоев дар вазни то 81 кг бар Нурӣ Силаб аз Афғонистон ғолиб омада, ба нимфинал баромаданд.

Рӯзи 28-уми май дар нимфинал Баҳодур Усмонов бо Шива Тана аз Ҳиндустон ва Шаббос Неъматуллоев бо Дилшод Рӯзметов аз Узбекистон вориди рақобат мешаванд.

Рӯзи 27-уми май Миҷгона Самадова дар вазни то 57 кг бо Ситора Турдибекова аз Ӯзбекистон қувваозмоӣ кард. Ҳарчанд рақобатро бохт, аммо ба мақоми сеюм расид. Шоира Зулқайнарова ҳам дар вазни то 60 кг аз Ҳасанан Ҳусватун аз Индонезия шикаст хӯрд, вале ҷойи сеюмро касб кард. 

Мижгона Самадова, варзишгари 22-солаи тоҷик аст, ки аз ин пеш дар мусобиқоти осиёӣ низ ҷоизаҳо ба даст оварда буд.

Мижгона донишҷӯйи соли чоруми Академияи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аст. Ӯ соли 2018 дар рақобатҳои кикбоксинги осиёи дар Қирғизистон дар се намуд – "фулл-контакт", "кик-лайт" ва "лайт-конктакт" вориди рақобат шуд ва медаллҳои тилло ба даст овард. 

Дар гузашта ин варзишгар барои ҳимоят нашуданаш аз сӯйи ниҳодҳои варзишии Тоҷикистон борҳо шикоят карда буд. Баъдан сафарҳои варзишии ӯро Академияи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон пуштибонии молӣ мекунад.

Мижгона соли 2017  дар Бозиҳои панҷуми осиёӣ (Туркманистон) дар вазни 60 кило дар риштаи кикбоксинг аввалин медали тиллоро аз ҳисоби варзишкорони тоҷик ба даст оварда буд. 

Ғолибони қаҳрамонии бокси Осиё дар Дубай бори аввал дар таърихи ин мусобиқаи қитъавӣ аз Ассотсиатсияи байналмилалии бокси ҳаваскорӣ (AIBA) мукофотпулӣ мегиранд. Маблағи умумии ҷоизаҳо 400 000 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Барои варзишгароне, ки дар вазни худ (ҳам мардон, ҳам занон) ҷойи аввалро мегиранд, 10 000 доллар, барои ҷойи дуюм 5000 доллар ва барои ду ҷойи сеюм 2500-долларӣ супурда мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...