Сармураббии мунтахаби футболи Тоҷикистон, мутахассиси ӯзбек Усмон Тошев, ки моҳи ноябри соли 2018 ба ин мансаб таъин шуда буд, пас аз бозгашти тим аз Ҷопон дастаро тарк мекунад, хабар дод ба "Азия-Плюс" як“манбаъ аз Федератсияи футболи ҷумҳурӣ.
Истеъфои ӯ аз вазифаи сармураббии мунтахаби футболи Тоҷикистон 15 июн дарҳол пас аз бозии охирини даври дуюми марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи “F”, ки дар он шогирдонаш дар Осакои Ҷопон бо тими Мянма бозӣ мекунанд, сурат мегирад.
Алҳол маълум нест, ки минбаъд ба ҷойи Усмон Тошев кӣ ба вазифаи сармураббии мунтахаби футболи Тоҷикистон таъин хоҳад шуд.
Усмон Тошев ба зодгоҳаш – шаҳри Бухорои Ӯзбекистон баргашта, ба омода кардани футболбозони маҳаллӣ машғул мешавад.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 7 июн мунтахаби футболи Тоҷикистон дар бозӣ бо тими Ҷопон дар Осака бо ҳисоби 1 бар 4 шикаст хӯрд.
Голи ягонаро ба дарвозаи ҳарифон аз тими Тоҷикистон нимҳимоятгар Эҳсони Панҷшанбе ба ҳадаф расонид.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.